Маросими супурдани дастгоҳи робот ба ВКД ҶТ
Душанбе, 01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- 28 ноябр дар бинои ОМОН — и Вазорати корҳои дохилии ҶТ маросими аз ҷониби сафорати Амрико дар Тоҷикистон супурдани таҷҳизоти махсус — робот барои безараргардонии маводи тарканда баргузор гардид.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, дар ин маросим муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом ва муовини сафири ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷес ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дастгоҳҳои робот барои аз масофаи дур безарар гардонидани асбобҳои таркандаю худсоз ва амнияти кормандон ҳангоми иҷрои амалиёти махсус истифода мешаванд.
Мутахассисони ОМОН ба ҳозирон усули безараргардонии моддаҳои таркандаро намоиш доданд. Робот аз масофаи дур ҳадафро муайян ва нест карда, вазифаи худро муваффақона анҷом дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






