Машварат оид ба рушди чорводорӣ
Шаҳринав, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Дирӯз дар ноҳияи Шаҳринав дар мавзӯи «Модули баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ» семинар доир гардид. Дар ҷамъомад намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Виорел Гуту, намояндагони соҳаи чорводорӣ бо сарварии муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов ва чорводорони номии водии Ҳисор ширкат доштанд. Дар назди ҳозирин Зоҳир Мӯсоев, мушовири миллӣ дар мавзӯи «Татбиқ ва дастовардҳои лоиҳа», Қурбоналӣ Партоев дар мавзӯи «Топинамбур- рустании гуногунҷабҳа ва истифодашаванда» ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар машварат роҳҳои беҳтар кардани маҳсулнокии чорво, хизмати самарабахши байторӣ ва дигар роҳҳои тараққӣ додани соҳаи чорводорию баланд бардоштан маҳсулнокии чорво мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






