Машварати коршиносони Русия ва Тоҷикистон
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Маскав машварати коршиносони Русия ва Тоҷикистон барои муҳоқимаи лоиҳаҳои созишномаҳои бахши муҳоҷират баргузор гардид. Тавре ки котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар машварат намояндагони мақомоти манфиатдори Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд.Дар ҷараёни машварат масоили марбут ба лоиҳаҳои созишномаҳои байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи интихоби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои иҷрои кор дар Федератсияи Русия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар нимаи аввали соли 2015 аз рӯи лоиҳаҳои зикршуда машваратҳои иловагӣ доир мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






