Мавқеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал аз рӯи раддабандии дастаҳои мунтахаби ҷаҳон бо 900 хол дар ҷойи 58 — ум қарор дорад.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ мақоми 11 -умро касб намуда, аз Литва, Туркманистон, Арманистон, ва Эстония пеш гузаштааст.
Дастаи мунтахаби кишвар аз рӯи раддабандӣ дар Осиё ҷойи 13 -умро ишғол менамояд. Дар ин гурӯҳ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро Эрон, Ҷопон ва Таиланд ишғол менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки баъди дар мусобиқоти Осиё — 2014 муваффақ нашудани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳусейн Шодиев сармураббии он таъйин гардида, бо роҳбарии номбурда дар даври интихобии мусобиқоти Осиё — 2016, ки моҳи ноябри соли оянда баргузор мегардад, иштирок менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






