Мавқеи Кумитаи дин дар робита ба ҳодисаҳои ахири Покистон
Душанбе, 20.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои ғамангези рӯзҳои ахир дар Покистону Ироқу Сурия изҳори таассуф намуда, амали ноҷавонмардонаи террористонро маҳкум ва ба мардуми мусибатзадаи ин кишварҳо тасаллият баён менамояд.
Ислом дини раҳмат ва меҳрубонӣ аст, ки дар таъллимоти он мусулмонон бо ҳам бародар ва меҳрубон хонда шуда, инсонҳо ба сабру таҳаммул ва рафтори нек даъват мегарданд (Сураи Щуҷурот, ояти 10, Сураи Фатҳ, ояти 29 ва сураи Аср). Инсон новобаста аз миллат, дину мазҳаб аз тарафи ислом эҳтиром шуда, каромат дода шудааст (Сураи Исро, ояти 70).
Аз нигоҳи ин дини муқаддас ҳеҷ кас ҳақ надорад, хуни бегуноҳеро бирезад ва касе, ки ба чунин кор даст мезанад, гӯё ҳамаи инсонҳоро куштааст ва аз раҳмати Худо маҳрум шуда, абадӣ дар дӯзах хоҳад монд (Сураи Моида, ояти 32).
Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои мазкур, амали касоне, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори олам аз номи Ислом даст ба қатлу ғорат мезананд, аз нигоҳи Қуръону Ислом маҳкум буда, ин гуна афрод аз ҷумлаи пайравони ростини ин дини пок ба ҳисоб намераванд.
Бори дигар, мо амиқан ҳодисаҳои ахири Пешовари Покистонро, ки боиси марги садҳо бегуноҳон шуданд, маҳкум менамоем ва ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худои мутаол сабри ҷамил хоҳонем. Мутмаинем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ ба муқобили ин падидаи нангин, ки ба номи Ислом иснод меорад, мубориза хоҳад бурд.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






