Мавқеи тими мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА
Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) бо 215 имтиёз мавқеашро дар байни 209 дастаи миллӣ дар зинаи 135-ум нигоҳ дошт.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (ҷойи 139-ум), Туркманистон (ҷойи 147-ум) ва Қирғизистон (ҷойи 152-ум) боло ҷойгир шудааст. Дастаи мунтахаби Украина, ки дар байни кишварҳои ИДМ пешсаф аст, дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 25-ум қарор дорад.
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ тағйир наёфтааст (ҷойи 19-ум). Дар ин қора тими миллии Эрон (51) пешқадам аст. Дастаи мунтахаби Ҷопон (54) дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ (69) дар ҷойи севум мебошад.
Ёдовар мешавем, ки рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешаванд. Натиҷаи беҳтарини тими мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






