Медалҳои боксчиёни тоҷик барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти боксчиён байни кишварҳои истихроҷкунандаи нафт ба хотири ёдбуди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон, ки аз 4 то 7 декабр дар шаҳри Белоярски округи мухтори Ханти — Мансии Русия баргузор гардид, ду медал ба даст оварданд.Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар доданд, дар мусобиқот беш аз 120 нафар варзишгарони 18 кишвари Осиё ва Аврупо аз қабили Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Муғулистон, Лаҳистон, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Чехия, Шветсия иштирок доштанд. Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 килограмм бар варзишгари Русия Авак Узлян ва намояндаи Озарбойҷон Салмон Иброҳимов пирӯз шуда, дар вохӯрии ниҳоӣ барои дарёфти медали тиллоӣ аз боксчии Ӯзбекистон Шаҳром Ғиёсов шикаст хӯрд. Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 килограмм варзишгари Литва Александрас Барановасро мағлуб сохта, дар вохӯрӣ бо варзишгари Ӯзбекистон Баҳодур Ҷалолов худаш мағлуб гардида, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ҷоизи медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпии Лондон Мавзуна Чориева дар вазни то 60 килограмм вохӯриро ба варзишгари Русия Даря Абрамова бо ҳисоби 0:3 бохта, аз вохӯриҳои минбаъда маҳрум шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






