ММТ: донишгоҳҳо бояд мактабҳоро бо буклет таъмин намоянд
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода). — Соли 2014 аз ҷониби Маркази миллии тестӣ (ММТ) 821 номгӯи ихтисосҳо барои довталабон пешниҳод гашт, ки аз ин миқдор 782 номгӯйи ихтисосҳо пурра иҷро шуда, 209 номгӯи ихтисосҳо умуман иҷро нашуда, интихоб нагардид. Ин нуктаро Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини якуми директори ММТ дар як бозомӯзӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои нави сифати таълим дар муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон» иброз дошт. Ба гуфтаи мавсуф донишгоҳу донишкадаҳои кишварро зарур аст, ки шурӯъ аз ҳамин давра буклети махсуси худро, ки фарогири хусусияти ихтисосҳои ин ниҳодҳо бо ороишоти хуби техникӣ бошад, ташкил дода, ба Вазорати маориф ва илм ва баъдан ба муассисаҳои миёнаи таҳсилот пешниҳод намоянд. Зарурати ташкили буклетҳоро Сабзалӣ Ҷаъфаров дар ошноӣ надоштани довталабон бо қисмати зиёди ихтисосҳои донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ном бурд. «Таваҷҷуҳи довталабонро бештар ихтисосҳои тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ ба худ ҷалб кардааст ва ихтисосҳои фанҳои дақиқ, муҳандисӣ, табиӣ аз таваҷҷуҳи довталабон берун мондаанд»,- илова намуд номбурда. Ин ҳолат макотиби олиро муваззаф месозад, то дар самти муаррифии ихтисосҳо ба макотиби миёнаи таҳсилот фаъолиятро пурзӯр намуда, таваҷҷуҳи довталабонро ба ҳама гуна ихтисос ҷалб намоянд. Назархудо Дастамбуев, директори барномаҳои таҳсилотии Институти «Ҷамъияти кушода»- Бунёди мадад дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бозомӯзии «Тамоюлҳои нави сифати таълим дар муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон» маҳз бо мақсади муайян намудани сифати таҳсилот дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба роҳ монда шуда, ба ин васила дар назар аст таҳқиқоти нав оғоз гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






