Муқоисаи арзёбии камбизоатӣ дар сатҳи миллӣ
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ ва равишҳои миллии арзёбии камбизоатӣ дар меҳвари диққати конфронси байналмилалӣ, ки имрӯз дар Душанбе гузаронида шуд, қарор доштанд.Конфронси мазкур аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба ҳайси аъзои Шӯрои арзёбии камбизоатӣ ва синфи миёна ташкил гардид. Муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид ва мудири Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҷрибаи камбизоатӣ дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ Каролина Санчез-Парамо чорабиниро ифтитоҳ намуданд, ки дар он намояндагони ҳукумат, ташкилотҳои донор, ВАО ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ иштирок варзиданд.Ҳадафи гузаронидани конфронс аз рӯнамоии усулҳои арзёбии камбизоатии ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳо, муқоиса намудани арзёбии камбизоатӣ дар сатҳи миллӣ ва муассисаҳо бо таҷрибаи байналмиллалӣ ва муҳокима намудани таълимоти миллии арзёбии камбизоатӣ дар Тоҷикистон иборат буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






