Муҳоҷирон қарзашонро гирифтанд
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мадади намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират тайи даҳ рӯзи моҳи декабр қарзи маоши муҳоҷирони меҳнатӣ иборат аз 6 миллиону 42 ҳазор рубл пардохта шуд.
Мувофиқи маълумоти котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов, 4 декабр сокини шаҳри Норак Сайдамрулло Бобохонов аз номи 25 нафар сохтмончиёни тоҷик ба намояндагӣ муроҷиат намуд. Ба гуфтаи номбурда ширкати сохтмонии «Аффект», ки дар он сохтмончиёни тоҷик кор мекарданд, маблағи маошашонро иборат аз 962 ҳазор рубл нагирифтаанд.
«Баъди муроҷиати намояндагӣ ва суҳбат бо роҳбарияти ширкат ин қазия ба таври мусбат ҳал шуд. Сокини ноҳияи Ҷалолиддин Румии вилояти Хатлон Азимова Инобат Қаюмовна, ки дар ширкати «Чистий свет» кор мекард, бо мусоидати намояндагӣ қарзи маошашро дар ҳаҷми 300 ҳазор рубл гирифт», — афзуд Иброҳим Аҳмадов.
Сокини ноҳияи Қубодиён Исломиддин Мусулмонов низ баъди муроҷиат ба намояндагӣ қарзи маошаш иборат аз 200 ҳазор рублро аз ширкати «ЭНКА» ба даст овард.
Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, бо мусоидати корманди намояндагӣ ба сохтмончиёни тоҷики шаҳри Санкт — Петербург 4 миллион рубли қарзашон пардохта шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






