Муҳофизати ҳайвоноти нодири Тоҷикистон
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Дирӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқоти Агентии хоҷагии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муҳофизати ҳайвоноти нодири китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ва «Ромит» машварат баргузор шуд.
Дар машварат Рустам Уратов, директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ, Убайдулло Акрамов, муовини Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва намояндагони мамнӯъгоҳи «Ромит» ва олимони соҳаи ҷангал ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни машварат иштирокдорон дар мавриди ҳифзи ҳайвоноти нодир, ба монанди гавазни бухороӣ, ҷайра, бузи кӯҳӣ, паланг ва бабри барфӣ сухан гуфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






