Муҳокимаи масоили ҳамкории минтақавӣ
Душанбе, 01.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанд рӯз пеш сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов ва губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев дар шаҳри Екатеринбург масоили рушду густариши ҳамкории минтақавии Тоҷикстон ва вилояти Свердловскро мавриди муҳокима қарор доданд.
Назар ба хабари сафорати ҶТ дар ФР, губернатори вилоят зикр намуд, ки зарурати роҳандозии табодули мунтазами иттилоот аз рӯи масоили танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба миён омадааст. «Гап дар бораи табодули маълумот дар бораи вазъи бозори меҳнати вилояти Свердловск ва мутахассисони тоҷикистоние меравад, ки курсҳои тарбия ва такмили ихтисосро хатм кардаанд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки ҷониби Тоҷикистон бо назардошти эҳтиёҷоти вилоят пешниҳодҳои мушаххасро ироа намояд», — гуфт Евгений Куйвашев.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки соли 2013 муомилоти моли байни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон 25 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод.
Имомуддин Сатторов дар навбати худ аз рушди имрӯзаи Тоҷикистон ва сиёсати дохилию хориҷии он нақл кард. Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки сатҳи баланди имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистону Русия натиҷаи ҳамкории судманди стратегӣ ва муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду кишвар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






