Муҳокимаи масоили ҷустуҷӯи тилло
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Чанде пеш дар Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои маъданҳои фоиданок баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Сарраёсати геологияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа ҳисоботи геологии Корхонаи воҳидии «Экспедитсияи иктишофи геологии Муғиён» таҳти унвони «Ҷустуҷӯи муфассали тилло дар қисми аллохтонии қабати минтақавии Зарафшон (майдони Чулбоӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи суханони манбаъ, баъди муҳокимаи тӯлонии захираҳои тиллою нуқраи кони Канчоч (қитъаи Чулбоӣ) бо назардошти мулоҳизаҳои аъзои комиссия захираҳои зикршуда дар шакли варианти таҷрибавӣ тасдиқ шуданд.Ба ҳамин тариқ, захираҳои тиллою нуқраи кони Канчочи қитъаи Чулбоӣ дар ҳаҷми 32066, 7 килограмм тилло ва 13812,7 килограмм нуқра ба баланси давлатии ҷумҳурӣ ворид карда шуданд.Аъзои комиссияи давлатӣ пешниҳодро дар бораи давом додани иктишофи муфассали геологии қитъаи Чулбоии кони Канчоч маъқул ёфтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






