Муҳокимаи масоили дурнамои ВАО русзабон
Душанбе, 22.12.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «ВАО русзабон дар шароити ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори конфронс аъзои Шӯрои илмии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла, омӯзгорони кафедраи ВАО ва назарияи журналистикаи ДСРТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ширкат доштанд.
Дар конфронс масоили хонандагони рӯзномаҳо ва фаъолияти ВАО русзабон, дурнамо ва гуногуншаклии матбуоти русзабони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр шуд, ки Шӯрои илмӣ аз коҳиш ёфтани забони русӣ ҳамчун воситаи муошират дар ташвиш аст.
— Мувофиқи тадқиқоти охирин 46 фоизи рӯзномаҳои русзабон кифоят накардани журналистони русзабонро ҳис мекунанд, — гуфт доктори илмҳои филология Шариф Муллоев.
Дар конфронс ҳамчунин зикр шуд, ки тайи 7 соли охир дар ВАО кишвар ҳодисаҳои манфӣ, аз ҷумла коҳиш ёфтани нашру адади рӯзномаҳои русзабон ба назар мерасад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






