Муайяннамоии ҳадди ақали сабади истеъмолӣ

Декабрь 26, 2014 09:24

Душанбе, 26.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ” сабади истеъмолӣ барои гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ зимни тавсияномаҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки иттиҳодияи намояндагони кормандони Тоҷикистон таҳия мегардад, ҳисоб мешавад. Тавсияномаҳои мазкур на камтар аз як маротиба дар 5 сол муайян шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.Бояд зикр намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани ҳадди ақали сабади истеъмолӣ барои гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.Тавсияномаҳои методӣ дар маҷмўъ бо мақсади таъмини тартиби ягонаи муайян намудани сабади истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини он таҳия гардидаанд. Дар мавриди муайян намудани сатҳи зиндагӣ, таҳлили хароҷоти истеъмолии оилавӣ нақши муҳимро мебозад ва масрафи маблағи хароҷоти маводи озуқаворӣ нишондиҳандаи асосии сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Дар тавсияномаҳои методӣ номгўи маводи сабади истеъмолӣ, маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқавӣ бо назардошти талаботи истеъмолии кўдакону наврасон, аҳолии қобили меҳнат ва нафақагирон тафриқабандӣ шудааст. Маҳсулоти озуқавории ба маҷмўи ҳадди ақал дохилгардида ба 11 гурўҳи асосӣ ҷудо шуда, маҳсулоти ғайриозуқавӣ ба 2 гурўҳи асосии истеъмолӣ: молҳои ғайриозуқаи инфиродӣ ва умумиоилавӣ ҷудо гардидаанд. Тавсияномаҳои методӣ ҳамчун нишондод, дар ҳолати муайян намудани сиёсат ва стандартҳо оид ба пардохти ҳадди ақали музди меҳнат, нафақаҳо, ҷубронпулиҳо, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, таҳлили сатҳи зиндагӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои иҷтимоии мақсаднок ва зарурӣ, дар ҳолати таҳия намудани барномаҳои иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат, муқаррар намудани стандартҳои ҳадди ақали иҷтимоии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки давлат кафолат медиҳад, барои истифода ҳамчун яке аз маҳакҳои муайянсозии камбизоатӣ, ки ҳуқуқи таъйин намудани ҷубронпуливу кумакпулиҳоро муайян менамояд, истифода мешаванд. Тибқи тартиб арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолӣ дар асоси маҷмўи ҳадди ақали маҳсулоти озуқаворӣ, молҳои ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 «Дар бораи тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардидаанд, ҳисоб мешавад.Бо мақсади ҳисобӣ намудани арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолӣ барои гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси компютерӣ таҳия гардидааст.Барои ҳисоб намудани ҳадди ақали сабади истеъмолӣ нархҳои миёнаи истеъмолӣ истифода мешаванд. Нархҳои миёнаи истеъмолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Арзиши ҳадди ақали сабади истеъмолӣ барои гурўҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ аз рўи нархҳои миёнаи истеъмолӣ барои аҳолии қобили меҳнат — дар асоси меъёри ҳадди ақали маҷмўи маҳсулоти озуқаворӣ, молҳои ғайриозуқаворӣ барои мардону занон ва ҳиссаи мардону занон дар шумораи аҳолии синни қобили меҳнат, барои нафақахўрон — дар асоси меъёри ҳадди ақали маҷмўи маҳсулоти озуқаворӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ, барои кўдакон — дар асоси меъёри ҳадди ақали маҷмўи маҳсулоти озуқаворӣ, молҳои ғайриозуқаворӣ алоҳида барои кўдакони синни то 6 сола ва кўдакони синни 7 -14 сола, молҳои ғайриозуқаворӣ барои истифодаи умумиоилавӣ ба ҳисоби миёнаи оморӣ ба як оила дар алоҳидагӣ ҳисобӣ карда мешаванд.

Декабрь 26, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд