Муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатии занон
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори раёсати илм ва кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 23 декабр дар донишкада дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатии занон: оқибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии он» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки Машҳура Абдуллоева, сухангӯи донишкада иттилоъ дод, дар кори он сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатии занон: сабаб ва оқибатҳои он», Марҳабо Олимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баъзе муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатии занон», Лариса Кислякова, сардори Ассотсиатсияи боркашонии автомобилии байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Шиддатгирии муҳоҷирати меҳнатии занон», Саодат Мутиева, дотсент, директори Институти илмӣ-тадқиқотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мушкилоти асосии омодасозӣ ва бозомӯзии занон дар Хадамоти шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатии занонро баррасӣ карданд.
Анвар Бобоев иброз дошт, ки дар 11 моҳи соли 2014 629 ҳазору 658 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, ки нисбат ба солҳои пешин тамоюли камшавӣ дорад. Бояд гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатии занон ҳам ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам ҷиҳатҳои манфии худро дорад. Аз як тараф, хуб шудани вазъи иҷтимоӣ, таъминот бо ҷои кор, имконияти сармоягузорӣ, хонондани фарзандон, забономӯзӣ, васеъшавии ҷаҳонбинӣ ва аз тарафи дигар, иштироки нокифоя дар тарбияи фарзанд, гирифторӣ ба касалиҳои сирояткунанда, ҷудошавии оилаҳо, афзудани худкушиҳо ва ғайра.
Марҳабо Олимова афзуд, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ корҳоро ҷиҳати ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар байни занон бо додани 80 грант дар ҳаҷми 2 млн. сомонӣ, кор карда баромадани Барномаи рушд барои занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва бартараф намудани муаммоҳои муҳоҷирони меҳнатиро роҳандозӣ намудааст. Як таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатии занон- ин вайроншавии оилаҳо ва тарбияи носолими фарзандони партофташудаи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, илова намуд М. Олимова.
Ҳамчунин дар ҳамоиш гуфта шуд, ки хусусияти хоси рушди равандҳои муосири муҳоҷиратӣ дар қувватгирии ширкати занон дар онҳо зоҳир мегардад. Имрӯз занони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта умдатан дар бахшҳои ғайрирасмии иқтисодиёт ва хоҷагиҳои хусусӣ фаъолиятдошта дар фарқият аз мардони муҳоҷир бештар мавриди хушунат ва озор қарор мегиранд. Омили ин зуҳурот, аз як тараф, муҳоҷирати ғайриқонунии занон, аз тарафи дигар, шаклҳои махсуси хушунату тазйиқ, хавфи дучор шудан ба зӯроварии ҷинсӣ, қочоқи одамон, бетанаффус будани меҳнат дар доираи хонаводаҳо, доштани кӯдак ва амсоли инҳо мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






