Мукофотҳои ИДМ ба намояндагони фарҳанги Тоҷикистон
Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар зумраи шахсиятҳои машҳури Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Украина се нафар намояндагони Тоҷикистон:
Вафо Назаров — Рассоми халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистонро «Барои фаъолияти бисёрсола ва саҳми арзанда дар тарғиби санъати тасвирӣ»,
Сӯҳроб Мирзоев — раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон, директори Театри давлатии дарамаи русии ба номи В.Маяковскийро «Барои ҳиссаи пурсамар дар ташаккули фазои умумии театрӣ», инчунин
Абдуғаффор Абдуҷабборов — нависанда, тарҷумон, драматург, доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистонро «Барои саҳми шахсӣ дар рушди адабиёти миллӣ ва фаъолияти тарҷумонӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2014» бо Ифтихорнома ва медали хотиравӣ сазовор донистааст.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






