Муколамаи ҳукуматҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ
Душанбе, 04.12.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Дар шаҳри Душанбе муколамаи ҳукуматҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин мулоқот аз рӯи масъалаи тарҳрезии стратегии созмонҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Иқдом барои татбиқи судманди Муоҳада дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» ба кори худ шуруъ намуданд.
Назар ба хабари намояндаи СММ — занон дар Тоҷикистон, дар чорабиниҳои зикршуда намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистону Қазоқистон, ташкилотҳои байналмилалӣ, созмонҳои мададгор ва агентиҳои СММ дар Тоҷикистон ширкат доранд.
Иштирокдорони муколама табодули таҷриба намуда, вазифаҳои ҳукумату созмонҳои ҷамъиятӣ дар амри татбиқи тавсияҳои хотимавии Муоҳада дар бораи аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занонро мавриди муҳокима қарор дода, нақшаи стратегии фаъолият барои беҳдошт ва иҷрои тавсияҳои хотимавии кумитаи Муоҳадаро тарҳрезӣ мекунанд.
Ҳукуматҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар гузоришҳои пешорӯи таҳририашон аз рӯи тавсияҳои афзалиятноки Муоҳада ин чорабиниро дастгрӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки мӯҳлати пешниҳоди гузориши таҳририи Қазоқистон моҳи феврали соли 2016 ва Тоҷикистон моҳи октябри соли 2015 мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






