Мулоқоти Қ. Расулзода бо сарвазирони Қазоқистону Афғонистон
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар чаҳорчӯби ширкати худ дар кори ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки имрӯз, 15 декабр доир шуд, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як силсила вохӯриҳои дуҷониба гузаронид. Субҳи имрӯз Қ. Расулзода бо Сарвазири Қазоқистон Карим Максимов мулоқот намуд, ки зимни он масоили вусъат додани ҳамкориҳои ду давлат дар бахши иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Сарвазирон ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва бахши гуманитарӣ муҳокима карданд. Қ. Расулзода имрӯз ҳамчунин бо Сарвазири Афғонистон Абдулло Абдулло вохӯрӣ доир кард, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкориҳои тарафайни ду кишвар дар бахшҳои энергетика, робита, нақлиёт, амният ва тиҷорат матраҳ шуданд. Имрӯз Сарвазири Тоҷикистонро дар ҳайати сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ҳузур мепазирад. Дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ дурнамои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳои СҲШ баррасӣ ва инчунин иқдомҳои зарурӣ оид ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо назардошти тағйироти амалишаванда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мувофиқа хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки ҷараёни татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои гуногунсоҳаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои узви СҲШ ва номгӯи чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи фаъолияти лоиҳавӣ дар чаҳорчӯби СҲШ дар давраи солҳои 2012-2016, инчунин ташкили тартиби мувофиқи молиявӣ муҳокима шаванд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа созишномаҳои муштарак ва қарорҳо оид ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти СҲШ, аз ҷумла дар бораи тасдиқи буҷет барои соли 2015 ва дар бораи даровардани тағйирот ба қоидаҳои молиявӣ қабул мешаванд. Маросими ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо миёни хадамотҳои гумрукии давлатҳои созмон дар назар аст.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






