Мулоқоти А. Абдуллозода бо донишчўёни ДСХ

Декабрь 12, 2014 16:29

Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ДСХ) мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён ва устодони донишкада доир гардид. Дар мулоқот теъдоди зиёди ҷавонон,  устодон ва намояндагони ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ректори донишкада Диловар Қодиров изҳор дошт, ки баргузор гардидани чунин мулоқот барои донишчӯён ва аҳли ҷомеа муфид буда, он метавонад дар оянда баҳри ҳалли мушкилоти ҷавонон нақш гузорад. Номбурда аз дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии кишвар нисбат ба ҷавонон ёдовар гардида, таъкид дошт, ки Президенти кишвар ҷавононро ҳамеша қувваи бузург ва ояндасози кишвар меномад. 
Раиси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода 
бештар ба масъалаи ҷавонон дахл намуда, гуфт: «Самти бениҳоят муҳим самти кор бо ҷавонон аст. Барномаҳои давлатӣ,  консепсияву стратегияҳое,  ки имрӯз амал карда истодаанд,  маҳз баҳри тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандустӣ,  эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва дар асл тарбияи онҳо дар рӯҳияе, ки тавонанд дар оянда давлату миллатро соҳибӣ кунанд, равона шудааст».
 
 
 
 
 

Декабрь 12, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд