Мулоқоти Азамшо Шарифӣ бо Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Абдулазиз
Душанбе, 12.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ 11 декабр нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар шоҳзода Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Абдулазиз супорид.
Дар ҷараёни суҳбате, ки пас аз тақдими нусхаи эътимоднома баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шоҳзода Абдулазиз бо ишора ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсии кишвари худ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасмандии ҷониби Саудиро дар тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, бахусус дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод таъкид намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






