Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи номзадҳои ҲХДТ
Душанбе, 13.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба намояндагии шоиста аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ, риояи фарҳанги волои сиёсию ҳуқуқӣ, бо таҳаммулу тавозӯъ ба роҳ мондани рақобат бо номзадҳо аз дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, муаррифии дурусту фаҳмои барномаи пешазинтихоботии ҳизби мазкур, ки шиораш “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум” мебошад, ҳидоят кард.Хотиррасон бояд намуд, ки ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 нафар пешбарӣ шудаанд. Аз онҳо 11 нафар занон ва аксари куллашон олимону мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






