Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, баррасӣ шуд.
Чунонки зикр гардид, дар ин ҳамоиш масоили ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳарбию иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, баррасӣ мешаванд. Яке аз мавзӯъҳои асосӣ барои Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои манфиатдор иҷрои қарор дар бораи расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мебошад.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар ин ҳамоиш раисӣ дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мегузарад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






