Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо Мирзоян Арташес
Душанбе, 08.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти одам, сил ва табларза Марҳабо Ҷабборӣ бо менеҷери калони Хазинаи Глобалӣ бар зидди бемориҳои пайдошудаи ин намуди бемориҳо дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Мирзоян Арташес мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои амалисозии грантҳои Хазинаи Глобалӣ, ки барои мубориза бар зидди ин бемориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд, ба таври мушаххас муҳокима гардид. Зикр гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии грантҳои Хазинаи Глобалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид. Аз ҷумла, дар кишвар ҳамагӣ 6 ҳодисаи бемории табларза ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба солҳои пеш як чанд маротиба паст мебошад. Вазъи бемории сил ва бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният бошад, таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки мўҳлати амалисозии грантҳои мавҷудбуда моҳи сентябри соли 2015 ба охир мерасад. Аз ин лиҳоз, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ дархости навбатиро барои дастрас намудани грантҳо барои солҳои 2015-2017 ба маблағи зиёда аз 32 миллион доллари амрикоиро таҳия намуд, ки барои мубориза бар зидди беморҳои сил ва пайдошудаи норасоии масуният равона карда мешавад. Моҳи январи соли 2015 дархостҳо ба унвони Хазинаи Глобалӣ пешниҳод карда мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






