Мулоқоти Н. Маҳмадуллоев бо О. Артамонов

Декабрь 4, 2014 09:45

Душанбе,4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Машварати коршиносони Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав доир гардид, ки дар он масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои муштарак дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуданд.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР, дар кори машварат намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷониби Тоҷикистону Русия иштирок доштанд.Ҳангоми баррасӣ ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев ва ҷониби Русияро сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия Олег Артамонов роҳбарӣ намуд.Дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои созишномаҳо байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави ФР, дар бораи реадмиссия ва Протоколи татбиқи он ва ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ гардиданд. Дар натиҷаи вохӯрӣ ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби тарафҳо такмил дода шуданд.Машварати минбаъда оид ба лоиҳаҳои ин созишномаҳо дар нимсолаи аввали соли 2015 баргузор мегардад.

Декабрь 4, 2014 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд