Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Алӣ Саряздӣ
Душанбе, 23.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 22 декабри соли 2014 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари Дафтари барномавии Намояндагии минтақавии UNODC барои Осиёи Марказӣ Алӣ Саряздӣ, ки муҳлати фаъолияташ дар Тоҷикистон ба итмом мерасад, баргузор гардид.
Дар мулоқот Алӣ Саряздӣ аз фаъолияташ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши татбиқи барнома ва лоиҳаҳо оид ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва пулшӯӣ ёдовар шуд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ба Алӣ Саряздӣ барои фаъолияташ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар мубориза бо маводи мухаддир, инчунин мусоидати Дафтари барномавии UNODC ба сохторҳои марбутаи кишвар изҳори миннатдорӣ карда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият хост.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






