Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Ма Вэйя
Душанбе, 04.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро муовини сардори Раёсати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ма Вэйяро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байни ду вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки аз хатарҳои муосири ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки баргузории машқҳои тактикии муштарак дар назар дошта шудааст, ки ҳадаф аз он пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангии ҳайати шахсии таъйиноти махсус, омодагии онҳо дар шароити маҳал ва иқлими гуногун, инчунин гузаронидани амалиёти махсуси муштараки байни ниҳодҳо мебошад.
«Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд», — хабар медиҳад манбаъ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






