Мулоқоти сафири ҶТ бо губернатори кишвари Краснодар
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар ҷараёни мулоқоташ бо ноиби губернатори кишвари Краснодар Иван Перонко пешниҳод намуд, ки ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Русия ва рӯзҳои фарҳанги ҶТ дар кишвари Краснодар, ҳамчунин рӯзҳои фарҳанги кишвари Краснодар ва ҳамоиши соҳибкорони Русияю Тоҷикистон дар ҶТ ташкил карда шавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сафорати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот изҳор доштанд, ки созишномаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистонро имзо хоҳанд кард.Ҷонибҳо ҳамчунин иброз доштанд, ки муносибатҳои мутақобилаи тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ бояд минбаъд ҳам бештар рушду густариш дода шаванд. Сафири Тоҷикистон Консули якуми фахрии ҶТ дар пойтахти Кубан Нағзибек Нағзибековро муаррифӣ карда, дар маросими ифтитоҳи дафтари Консули фахрии ҶТ дар Краснодар иштирок намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






