Мулоқоти се генерал дар Покистон
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Шаби гузашта собиқ президенти Амрико Ҷорҷ Буши калонӣ аз сабаби бемории роҳҳои нафас ба бемористони Ҳюстони Амрико интиқол дода шуд. Буш тақрибан ду моҳ пеш дар бемористон муолиҷа гирифта буд.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Франс-пресс Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як нишасти хабарӣ эълон намудааст, ки қасд дорад омӯзиши хатти арабиро дар мактабҳои Туркия дубора эҳё карда ва дарси забони туркии усмониро низ дар мактабҳои ин кишвар ҷорӣ намояд.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз 24 декабри соли 2014 дар шаҳри Минск-пойтахти Беларус музокироти ҳукумати Украина бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки бо қарори дуҷониба намояндагони Украинаву Русия ва ҷудоихоҳон дар паси як миз бо ҳамроҳи намояндагони САҲА мулоқот меварзанд. Бояд гуфт, ки мулоқоти дуввуми ин гурӯҳ 26 декабр баргузор хоҳад шуд. Бо қарори парлумони Украина аз 23 декабри соли равон Украина ҳамчун кишвари ғайримуттааҳид эълон шуда, яъне ба узвияти ҳеҷ блоки низомӣ намедарояд, вале барои даромадан ба узвияти НАТО худро омода мекунад. Вале ин тасмимро Русия интиқод карда, онро “ғайридӯстона” номид.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз генерал Шермуҳаммад Каримӣ-раиси ситоди артиши Афғонистон ва генерал Роҳил Шариф-ҳамтои покистонӣ ва генерали амрикоӣ Ҷон Кемпбел-фармондеҳи аршади НАТО дар Афғонистон дар шаҳри Равалпиндии Покистон бо ҳам мулоқот намуданд. Қобили зикр аст, ки раҳбарони низомии Афғонистону Покистону Амрико ба як тавофуқ расида, бар зидди Толибон дар марзи муштараки миёни ду кишвар муборизаи муштарак анҷом хоҳанд дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






