Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Эрон
Душанбе, 11.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 11 декабри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Ҳуҷҷатуллоҳ Фағониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ Ҳуҷҷаттулоҳ Фағонӣ паёми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро оид ба раванди музокироти Эрон ва кишварҳои 5+1 ба Сироҷидин Аслов супорид.
Ҷонибҳо инчунин атрофи масоили густаришу тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар арсаҳои мухталиф табодули назар карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






