Мусобиқа ба хотири ёдбуди Александр Кирсанов
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- 13 декабр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи навбатии анъанавӣ оид ба футзал бахшида ба хотираи бозингари маъруфи дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов оғоз меёбад.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқа байни кӯдакон ва гурӯҳи асосӣ баргузор шуда, дар он футболбозони касбӣ, дастаҳои ҳаваскор ва собиқадорони синнашон 35 – 45 ва аз он калонтар иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои гузашта дар мусобиқа ба хотири ёдбуди Кирсанов чунин ситораҳои футболи тоҷик, аз қабили Владимир Ғуломҳайдаров, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Арсен Аваков, Игор Черевченко, Умед Алидодов, Алиёр Ашӯрмамадов, Раҳматулло Фузайлов, Тоҳир Мӯъминов, Александр Муканин ва бисёр дигарон иштирок доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






