Мусобиқа барои дарёфти ҷоми «СССР»
Кӯлоб, 4.12.2014 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳри Кўлоб мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти ҷоми рўзномаи «СССР» оғоз гардид. Шавкат Аҳмедов, директори техникии федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, ки Ҷоми «СССР» инак соли шашум аст, ки бо ибтикор ва саҳмгузории рўзномаи «СССР» ва дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Кўлоб гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур қабл аз ҳама рушди футбол дар кишвар маҳсуб мешавад. Дар давоми шаш соли баргузории мусобиқа дар он даҳҳо дастаи наврасон аз шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ширкат варзидаанд. Дар мусобиқаи имсола, ки маротибаи сеюм аст дар шаҳри Кўлоб баргузор мегардад, шаш даста, аз ҷумла, дастаи «Истиқлол» «Мактаби маҳорати олии варзиши ҷумҳурӣ», «Кўлоб 1» ва «Кўлоб 2», инчунин дастаи наврасони «Восеъ» ва «Муъминобод» ширкат варзид.
Гуфта мешавад дар ин давр ҷои якум ба дастаи «Равшан» ва ҷои дуюм ба дастаи «Истиқлол» насиб гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






