Мусобиқаи кушоди волейбол дар ноҳияи Румӣ
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Чанде қабл дар майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34- и деҳаи дӯстии ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Румӣ бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия мусобиқаи кушод оид ба волейбол баргузор гардид. Мусобиқа ду рӯз идома ёфта, дар он зиёда аз 8 даста, инчунин аз ноҳияҳои тобеи марказ дастаҳои волейболбозон иштирок намуданд.
Бо сабаби зиёд будани дастаҳо мусобиқа дар ду майдон сурат гирифт. Мавриди зикр аст, ки ҷараёни мусобиқаи мазкурро ҳаводорону мухлисони зиёди ин намуди варзиш тамошо намуда, дастаҳои худро дастгирӣ намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки волейбол низ дар байни мардум оммавияти зиёд касб намудааст. Дар охири мусобиқа дастаи волейболбозони ноҳияи Ҷ. Румӣ бо дастаи ноҳияи Қумсангир байни ҳам рақобат намуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дастаи волейболбозони ноҳияи Қумсангир сазовори ҷои аввал ва ҷом, ндастаи ноҳияи Румӣ ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Панҷ зинаи сеюмро ишғол намуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои сарпарастони мусобиқа сарфароз гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






