Мусодираи маводи мухаддир дар Панҷакент

Декабрь 9, 2014 11:59

Душанбе, 09.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 8 декабр кормандони шуъбаи байниноҳиявии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент як килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, 5 декабр кормандони шуъбаи байниноҳиявии агентӣ сокини 47 — солаи ҷамоати Фаробро дастгир ва аз номурда як баста маводи мухаддирро пайдо намуданд.Алҳол барои дастгир намудани иштирокчии дуюми гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои иловагӣ дида мешаванд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.

Декабрь 9, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид