Мусодираи зиёда аз 2 тонна маводи нашъаовар
Душанбе, 16. 12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди кишвар ва тавассути сарҳади давлатӣ, ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 20 май то 30-юми ноябри соли равон дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2014» гузаронида шуд. Дар амалиёт кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити атроф, телевизион ва радио, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон иштирок намуданд. Ҷиҳати бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар дохили ҷумҳурӣ ва қочоқи он тавассути сарҳади давлатӣ, дар роҳҳои мошингард 217 дидбонгоҳи мувақатӣ ва сайёр гузошта шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёт 193 ҳодисаи сабзиши растаниҳои нашъаовари худрӯй ба миқдори 1 млн. 110 ҳазору 971 бех дар майдони 3,7 гектар ошкор ва сӯзонида шуд.Дар натиҷаи амалӣ намудани амалиёти «Кӯкнор-2014» аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 462 кг 637 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки 234 кг 793 грамми онро героин, 428 кг 797 граммро афюн ва 1 тоннаву 799 кг 047 граммро маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона ташкил медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






