Н. Одинаева: «ИА ҷиҳати дастгирии нафақагирон саҳми фаъол дорад»

Декабрь 2, 2014 14:37

Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Чанде қабл хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди фаҳмидани он ки ҳамкории Агентии суғурта бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар самти ислоҳоти низоми нафақа чӣ тавр густариш меёбад ва фаъолияти ин ташкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвари мо чӣ гуна баҳогузорӣ мегардад, бо муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одинаева суҳбат анҷом дод ва инак фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем:-Мехостам сараввал дар мавриди ҳамкориҳои ба миёномада бо Иттиҳоди Аврупо чанд сухан гӯед.-Имсол ба ҳамкориҳои дуҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мешавад. Дар давоми ин солҳо Иттиҳоди Аврупо як силсила барномаҳои давлатиро барои рушди устувори неруи инсонӣ ва инкишофи иқтисодиёт амалӣ намуд. Дастгирии сиёсӣ ва иқтисодии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо мақсади барои ба даст овардани дастовардҳои Стратегияи миллии рушд ва гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ дар кишвари мо бевосита мусоидат намуда истодааст. Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар доираи Созишномаи ҳамкории тарафайн, ки моҳи октябри соли 2004 бастанд ва аз 1 январи соли 2010 ба ҳукми қонун даромад, бо самтҳои гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла дар самти таъминоти нафақа ҳамкорӣ намуда истодаанд. — Иттиҳоди Аврупо ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом намуди кумакҳоро мерасонад? -Иттиҳоди Аврупо ҳамкории тарафайни бисёрҷабҳа дар самти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии инсонро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва кишварҳо бо иқтисодиёти гузариш роҳандозӣ менамояд. Дар қатори маблағҳои аз буҷети хусусӣ ҷудогардида барои амалӣ намудани лоиҳаҳои кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии буҷети давлатӣ саҳми фаъол мегузорад. Ҳамин тавр Иттиҳоди Аврупо дар соли 2010, ки барои Тоҷикистон соли душвори буҳрони ҷаҳонии молиявӣ буд, ба агентӣ кумаки бебозгашти молиявӣ дар ҳаҷми 7 млн. евро расонид, ки ин маблағҳо барои пардохти нафақа равона гардид. Дар асоси амалӣ намудани Барномаи рушди инсонӣ аз моҳи июли соли 2012 ба мо кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо дар шакли лоиҳаи «Кумаки техникӣ барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии лоиҳаи мазкур расонидани кумак барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки яке аз натиҷаҳои амалӣ намудани лоиҳа таъмини таҷҳизоти компютерӣ бо маблағи 1 млн. евро мебошад. Тавре ки мебинед, имрўз Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба Агентии мо таҷҳизоти компютериро, ки дар тамоми раёсатҳо, шуъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷойгир мешаванд, дастрас менамояд.-Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо ба низоми нафақа чӣ манфиат дорад? -Кумаки Иттиҳоди Аврупоро баҳогузорӣ намудан бениҳоят душвор аст, зеро агентӣ дар давоми 16 сол бисёр душвориҳои зиёди чорабиниҳои молиявиро оид ба компютеркунонӣ ва ташкили низоми иттилоотии ҷумҳуриявиро аз сар гузаронид. Барои ҳамаи ин маблағи зиёд лозим буд. Масъала дар он аст, ки зиёда аз 98% маблағҳои агентӣ барои маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳо равона мегардад. Бинобар ин кумаки Иттиҳоди Аврупо саривақтӣ мебошад. -Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба ҳаёти нафақагирони мо чӣ таъсир расонида метавонад? -Тавре ки аз Созишномаи ба имзорасида бармеояд, мақсади асосии кумак аз амалӣ гардидани лоиҳаи гузариш ба низоми нави нафақа (ба қонуни нав оид ба нафақа) иборат мебошад. Ислоҳотгузаронии низоми нави нафақа барои ташкили як зумра чорабиниҳо: ташкили манбаи қонунгузорӣ, мустаҳкамкунии манбаи воситаҳои техникӣ, баланд бардоштани тахассуси кормандон, иттилооткунии аҳолӣ бо тағйироти ба миёномада, ҷорӣ намудани технологияи иттилоотии ҳозиразамон ва ғайра пешбинӣ мешавад. Барои ҳамин пурра метавон гуфт, ки дар низоми нафақаи Тоҷикистон як ҷаҳиши сифатнок ба миён меояд. Дастоварди аз ҳама калидӣ-ин камшавии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо буда, ба шаҳрвандон рафтан ба бойгонӣ ва ҷамъоварии маълумотномаи музди меҳнат лозим намеояд. Ташкили дафтарчаи меҳнатӣ зарур намегардад.-муҳлати таъйини нафақа аз 30 рўз тавре ки имрўз аст, 1 соат мешавад.-ҳисобии ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрвандон аз ҳисоби манбаи маълумотҳо амалӣ мешавад.-дурнамои рушди низоми нафақаи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат дар асоси ташкили чорабиниҳо оид ба танзими замонавии пардохти нафақа таҳия мешавад.-Иттиҳоди Аврупо дар солҳои наздик барои рушди низоми нафақаи Тоҷикистон чӣ нақшаҳоро амалӣ карданист?-Дар асоси Созишномаи молиявии Аврупо, ки моҳи октябри ҳамин сол баста шуд, Иттиҳоди Аврупо кумакро барои таҳкими низоми нафақаи Тоҷикистон идома дода, аз соли 2015 то 2017 давраи дуюми лоиҳаи «Кумаки техникӣ барои ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» амалӣ мешавад. Дар доираи масъалаи мазкур низоми ҷумҳуриявии иттилоотӣ оид ба таъйини нафақа ташкил мешавад.-Ба Шумо барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккури зиёд мегӯем. Дар хотимаи суҳбат чӣ гуфтанӣ доред? -Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи роҳбарияти агентӣ миннатдории худро ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои расонидани кумаки бебаҳо ва дастгирии ҳамаҷониба дар кори ташкили низоми нави нафақа дар Тоҷикистон расонданиям.

Декабрь 2, 2014 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд