Нақши молия дар рушди иқтисодиёти кишвар
Душанбе, 8.12.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҳамасола рӯзи 7 декабр чун иди кормандони мақомоти молия ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин сана ва 90-солагии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 декабри соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) чорабиниҳои идона — семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши молия дар рушди иқтисодиёти кишвар», маҳфили илмии «Коршиноси иқтисодӣ» ва консерт баргузор гардиданд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар чорабинӣ ректори донишкада Ашурбой Солиев зикр намуд, ки ДМИТ аз тарафи муассиси худ-Вазорати молияи ҶТ пайваста дастгириву ҳамкории қавиро ҳам дар ҷодаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия ва ҳам татбиқи лоиҳаҳои муштарак эҳсос менамояд, ки ҷиҳати идораи самараноки донишкада ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат мекунад.
Зикр шуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар солҳои истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.
Фаъолияти самарабахши соҳаи молия, пеш аз ҳама, аз дараҷаи таъмин будани он бо кадрҳои баландихтисос вобаста аст ва ДМИТ ҳам дар омода намудани мутахассисони соҳа саҳми беназири худро мегузорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






