Нақши ВАО дар баргузории интихоботи одилонаю шаффоф
Душанбе, 16.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Нақши васоити ахбори омма /ВАО/ дар инъикоси раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ВАО -и ватанию хориҷӣ ва аъзои КМИР, инчунин коршиносон ҳузур доштанд. Шермуҳаммад Шоҳиён -раиси КМИР дар оғози чорабинӣ нақши ВАО-ро дар ҷараёни маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи навбатии парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки КМИР тамоми шароити мусоидро бобати иштироки фаъоли намояндагони ВАО- дар инъикоси раванди интихоботи парлумонии кишвар муҳайё сохтааст. Ҳамзамон дар назди намояндагони ВАО мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Невинг Рудшэр, Акбаралӣ Сатторов- аъзои КМИР, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Абдуманнон Додозода-роҳбари дастгоҳи КМИР ва Изатулло Маҳмудов-мушовири ҳуқуқии КМИР оид ба нақш ва мақоми ВАО дар инъикоси ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпешистода, амалисозии барномаҳои махсус доир ба шарҳу тавзеҳи қонунгузории интихобот, тартиби ба роҳ мондани ташвиқоти барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тавассути ВАО, инчунин тартиби аккредитатсияи намояндагони ВАО, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон сухан карданд. Ҳамзамон дар мизи мудаввар намояндагони ВАО пешниҳодҳо ироа намуданд. Дар фарҷом ба саволу дархостҳои намояндагони ВАО роҳбарият ва масъулини КМИР посухҳои мушаххас дода, намояндагони расонаҳои хабариро ба иштироки фаъолона, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ва инъикоси воқеъбинонаи ҷараёни баргузории маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода -интихоботи парлумонӣ дар кишвар, ки 1 марти соли 2015 доир мешавад, даъват карданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






