Нақши ВАО дар тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон
Душанбе 23.12.2014 (АМИТ «АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз дар толори КВД «Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши ВАО дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатии ҷавонон” мизи мудаввари телевизионӣ доир гардид, ки дар он намояндагони васоити ахбори оммаи чопию электронӣ, хонандагон ва донишҷӯёни макотиби олӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабиниро масъулин дар тарғибу ташвиқи кори соҳа дар ВАО, бештар фаро гирифтани ҷавонон бо иттилоот, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни расонаҳо ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Қиёмиддин Миралиев нақши ВАО-ро дар ҷомеа муҳим хонда, иштирокдоронро ба инъикоси саривақтӣ ва беғаразонаи ҳаводиси муҳими ҷомеа даъват намуда, гуфт: “Агар ба таҷрибаи ҷаҳонӣ назар афканем, дар бисёр кишварҳо нисбат ба рӯзноманигорон таваҷҷуҳ хеле зиёд аст, зеро вазифаи рӯзноманигор на танҳо иттилоъ додан, балки мусоидат кардан ба беҳдошти вазъи ногувори баамаломада мебошад”.
Дар мизи мудаввар масъулин иброз дошанд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Барои дар сатҳи баланд иҷро гардидани ин ҳадаф нақши ВАО-и кишвар бағоят калон мебошад. Аз ин рӯ, бо баргузор намудани чунин мизҳои мудаввар имкон пайдо мегардад, ки намояндагони расонаҳои чопию электронии кишвар андешаҳои хешро роҷеъ ба боз ҳам васеъ инъикос намудани ин ҳадафи муҳим иброз намоянд.
Бо ин мақсад дар мизи мудаввар рӯзноманигорон аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, намояндагони матбуоти даврӣ ва донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ширкат намуда, бевосита андешаҳои худро бобати чӣ гуна инъикос намудани фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баён доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






