На танҳо маросим, балки тафаккури мардум низ танзим мехоҳад

Декабрь 25, 2014 10:18

 
  Душанбе, 25.12.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8-уми июни соли 2007 бо ташаббус ва иқдоми шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Дар ин муддати на чандон тӯлонӣ аз ҷониби кулли сокинони кишвар чун санади сарнавишт ва тақдирсоз пазируфта шуда, воқеан дар таърихи қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бемислу монанд буда, аз иқдоми ҷасуронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дарак медиҳад. 
Ҳадафи қабули қонун
Мақсаду мароми асосии қонуни танзим бо роҳи ба танзим даровардани тӯю маърака ва маросимҳои азодорӣ фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ, хотима бахшидан ба исрофкорию хароҷоти беҳуда, муҷаз гардонидани чорабиниҳои оилавӣ ва ба ин васила баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ мебошад.
Ба андешаи фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибеки Асрориён: «Мақсади асосии ин қонун ба ҷомеаи мутамаддин наздик кардани ҷомеаи тоҷикӣ аст. Вақте ки мо роҳи сармоядориро пеш гирифтем, ба даст овардани суд ва маблағ кори саҳл нест, махсусан дар Тоҷикистон бо ҳамин шароит ва аз 3-то зиёд  доштани фарзанд. Манфиати қонун ҳамин буд, ки мардум на танҳо шуҳрати худ, балки шахси дар паҳлӯяш буда ва ояндаи фарзандонашро андеша кунад». Дар робита ба ин раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода изҳор кард, ки: «Заминаи ин қонуни танзимгари зиндагониро арзишҳои сирф миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. Қонуни мазкур дар ин муддат ба ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа дар ҳақиқат ҷавобгўй будани худро собит сохта, барои хеле сабук гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуд». Аммо коршиноси Маркази тадқиқоти стратегӣ Маҳдии Собир бар ин назар аст: «Қабули қонун дуруст ва саривақтӣ аст, вале  фаъолияти намояндагон  ва комиссияи доимии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо, ки то 1000 сомонӣ маош мегиранд, ғайриқаноатбахш аст. Баргузории чорабиниҳоро дар китоб  сабт мекунанду маблағи муайянро мегиранду дигар дунболаш намегарданд, ки дар ҳақиқат ин маъракаҳо дар доираи қонун доир мегарданд ё на».
Худои таъоло исрофкунандагонро дӯст намедорад
Фарҳанги исломии мо оғоз аз Қуръони Карим то ҳадису фатвоҳои бузургон ҷилавгирӣ аз сарфи беҷои молро таълим дода, исроф ва карру фарри зиёдатиро инкор карда, исрофкунандагонро ба шайтонҳое шабоҳат медиҳад, ки мардумро ба гумроҳӣ мебаранд.  
Ҷонибеки Асрориён мегӯяд: «Чун ислом ба ҷону хуни мардуми мо танид, намешавад ки ягон чизро бе ислом тасаввур кард, масалан никоҳро гирем. Аз назари равоншиносӣ низ комилан номумкин аст  бе никоҳи мусалмонӣ тӯй кардан ва ё хондани ҷаноза. Коммунистон ҳам дар замони шӯравӣ кӯшиш мекарданд, ки ба таври пинҳонӣ ҷаноза хонанд. Дар маросими ҷаноза анъана ҳаст, ки масалан кӣ бояд аз пеш истад, кӣ бояд аз пушт истад. Ҳамин одат риоя мешавад дар ҳама давру замон, вале мутаассифона, дар миёни анъанаҳои мо хурофот ҷой гирифт, ки ин ҳам ба ҷаҳони дунявиамон ва ҳам ба ҷаҳони исломиамон як навъ иснод овард. 
Дар ислом оварда шудааст, ки арвоҳи гузаштаро бо ду тарз метавон ёд ва шод кард. Якум ин ки бо дуо ва дуюм бо ғизо, бо ноне, ки ба дарвешон медиҳӣ. Муҳимаш аз чӣ иборат аст? Агар мехоҳӣ ки арвоҳи падарро ёд кунӣ ва дар он чорабинӣ ва маъракае, ки мегузаронӣ, бояд нафароне ҷамъ бошанд, ки воқеан ҳам ё камбизоатанд ё камбағалва ё ҳамсояҳое, ки гирди як дастурхон мешинанд. Манзур аз ин ғизо хӯрдан нест, манзур ёд кардан аст. Вақте ки ба  василаи аз ҳама бузург ба василаи маънавиёт мехоҳед рӯҳи гузаштагонро шод кунед,  ин як навъ ёд овардан аст, ин маънои онро дорад, ки шахси фавтида дар хотири шумо мемонад. Мо метавонем ба василаи як каф дуои Қуръон арвоҳи ӯро шод кунем. Вале ҳоло мурда боиси шуҳрати инсонҳо гардидааст. Баъди мурдан гӯё меҳрубонӣ обрӯро арзонӣ мекарда бошад. 
Роҳи ягонаи талқини инсонҳоро бояд дарёфт, шикам, нафс мояи асосии шуҳрат ва масалан  наҷоти падар ё фарзанд  нест, мояи асосие, ки мо бояд ба ҳама талқин кунем, ҳамин аст-ёд кардан ва ҳама вақт дар хотири  шумо будани ҳамон шахси фавтида. 
Дар ягон ҷо, дар ягон низомнома, дар ягон илми шариат оварда нашудааст, ки чӣ қадар  одам ва нозу неъмат дар он ҷо бошад, то хайри карда қабул шавад. Садақа, бубинед, аз оддитарин чиз шурӯъ мешавад. Мо дар идҳоямон вақте ки ба кӯдак сақич медиҳем,   ҳамонро ҳам садақа мешуморем. Чаро соҳибкорону мардони дороямон ба маъюбону камбизоатон чизҳои калонтару заруртарро садақа накунанд. Муҳим ҳамин чизҳое ҳастанд, ки мардумро ба низом, ба тартиб одат кунонанд, на танҳо тарзи ғизохӯрӣ, балки тафаккур ва ақли мардумро низ бояд ба танзим даровард. 
Қонун чӣ натиҷа дод?
Натиҷагирии молиявӣ: Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2014 дар миқёси ҷумҳурӣ 138 ҳазору 572 адад маърака барпо гаштааст. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 502 миллиону 883 ҳазору 977 сомониро ташкил дода, харҷи як маърака ба ҳисоби миёна дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба 3 ҳазору 629 сомонӣ рост омад. Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои баргузории маърака ба ҳисоби миёна 8 ҳазору 750 сомонӣ рост меомад, ки барои баргузории 138572 маърака 1 миллиарду 212 миллиону 505 ҳазор сомонӣ маблағ лозим меомад. Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 709 миллиону 621 ҳазор сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст. 
Дар ин давра, дар ҷумҳурӣ аз тарафи шаҳрвандон 21890 хатнасур, 86612 тӯйи домодию арӯсӣ, 16711 маъракаи чил ва 13359 маъракаи сол бо забҳи 11896 сар чорвои калон ва 79526 сар чорвои хурд гузаронида шуд. Амали қонун барои нигоҳ доштани саршумори чорвои калон мусоидат намуда, забҳи чорвои хурд нисбатан афзоиш ёфтааст. Дар 138 ҳазору 572 маърака аз тарафи шаҳрвандон дар маҷмӯъ 91 ҳазору 422 сар чорво забҳ шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми кишвар дар маъракаҳо ба ҷои чорвои калон чорвои хурдро бештар истифода мебаранд. Зимнан бояд тазаккур дод, ки ба ҳисоби миёна ба якуним маърака як сар чорво рост меояд. Шумораи зиёди шаҳрвандон гӯштро аз мағозаву дӯконҳо дастрас намуда, бо харҷи кам маъракаҳояшонро мегузаронанд.
Ба ақидаи қассоб ва гӯштфӯруши бозори «Деҳқон»-Ҳамид Абдуллоев амали қонун на танҳо тӯю маъракаҳо, ҳатто забҳи чорворо низ ба танзим даровард. Агар тамоми мардум зарурати қонунро дарк намоянд,  иқтисодиёти миллиро дуруст ба роҳ мондан осон мегардад. Дигар зарурати аз Ҳундустону Эрон ва дигар кишварҳо овардани гӯшти говҳои солашон гузаштаву бемазза аз байн меравад. Гаронии нархи гӯшт ҳам дар бозорҳои ватанӣ маҳв мегардад. 
Сарфаи иловагӣ
Дар давраи пеш аз қабули қонун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи ҷумъагӣ дар як сол барои 104 ҳазору 151 нафар шахси фавтида беш аз 2 миллиарду 870 млн 401 ҳазор сомонӣ (ба ҳисоби миёна ба як маърака тақрибан 530 сомонӣ ё 100 доллари ИМА рост меояд) зарур меомад. Ҳоло шаҳрвандон дар давраи амали қонун бо баргузории маъракаҳои тӯйи домодию арӯсӣ, хатнасур, чил ва сол маҳдуд гардида, маблағи беш 6 миллиарду 350 миллиону 739 ҳазор сомонӣ ба манфиати буҷаи оилавии онҳо нигоҳ дошта шудааст. Агар ба ин маблағҳои сарфагардида ба ҳисоби миёна ҷашни зодрӯзро илова кунем, тақрибан барои 4 млн нафар аҳолӣ солона тахминан 100 доллари ИМА ё худ 530 сомонӣ сарф мегардид, ки дар маҷмӯъ 2 миллиарду 120 миллион сомониро ташкил медод. Бо аз байн рафтани маъракаи ҷумъагӣ ва ҷашни зодрӯз ва маҳдуд гардидани он дар доираи оила аз ин ҳисоб 4 миллиарду 990 миллиону 401 ҳазор сомонӣ ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ сарфа гардид. Агар маблағҳои аз чор маъракаи асосӣ (хатнасур, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол) сарфагардидаро дар зарфи амали қонун ба ин ҳисоб зам намоем (яъне дар 1 миллиону 105 ҳазору 135 маърака беш аз 3 миллиарду 319 миллиону 191 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, беш аз 6 миллиарду 350 миллиону 739 ҳазор сомонӣ сарфа шудааст), пас маблағи сарфашуда бо назардошти маҳдуд гардидани маъракаҳои оилавӣ (арӯсбинон, домодталбон ва ғайра) беш аз 11 миллиарду 341 миллиону 140 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Дастгирии Фонди ҷамъиятии хайрия
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ (то 28.11.2014) ба суратҳисоби он аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида дар ҳаҷми 299 ҳазору 224,33 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Аз давраи ташкил то 28.11.2014 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба суратҳисоби Фонди мазкур 8 млн 962 ҳазору 993,48 сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Дар ин давра дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи ҷашнҳои миллии Наврӯз, Ваҳдати миллӣ, иди Рамазон, рӯзи Истиқлолият ва Конститутсия бо мақсади дастгирии фарзандони оилаҳои ниёзманд хатнасури 10 ҳазору 949 нафар ва тӯйи домодию арӯсии 589 ҷуфт навхонадор ба тариқи дастаҷамъона сурат гирифт. Дар маҷмӯъ 12 ҳазору 127 нафар бо маъракаҳои хайриявӣ дар ин давра фаро гирифта шуд.
Таъсири мусбат ба захираҳои молиявии аҳолӣ
Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон аз 24.09.2014 пасандози шахсони воқеӣ дар бонкҳо 4109,1 млн сомонӣ (789,8 млн сомонӣ бо пули миллӣ ва 3319,3 млн сомонӣ бо асъори хориҷӣ)-ро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 714,0 млн сомонӣ ё худ 21,0 фоиз афзудааст. 
Аз ҳисоби кам намудани хароҷоти маъракаҳо ва пасандоз намудани маблағҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ имконияти беҳтар намудани шароити зиндагиро ба даст меоваранд. 
Гавҳар Шарофзода аз пасандози шаҳрвандон истиқбол карда, мардумро даъват мекунад, ки: «Имрӯз Ҳукумати кишвар бисёр шароити хуб фароҳам овардааст. Масалан депозитро гирем, агар волидайни мо ба номи фарзанди дар гаҳворабудааш 1000 сомонӣ пасандоз намояд, ин 1000 сомонӣ аз 18 то 21 фоиз ҳар моҳ чамъ мешавад ва дар давоми даҳ сол ба маротиб меафзояд, ки ин дар оянда ба иқтисодиёти ин хонавода таъсири мусбат мерасонад». 
Кашфи сарчашмаҳои нави андозғундорӣ
Амалишавии қонун ба кашфи сарчашмаҳои нави андозситонӣ ва бастани шартномаҳои гражданӣ мусоидат намуд. Аз ҷониби мақомоти ҳудудии андоз дар давоми соли 2014 (тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5.12.2014) ба маблағи 4086,5 ҳазор сомонӣ андоз, аз ҷумла аз нуқтаҳои хизматрасонии тӯю маросимҳо 2995,2 ҳазор сомонӣ, санъаткорон (сарояндагон, навозандагон, раққосон) 850,3 ҳазор сомонӣ ва шахсони ба ин маъракаҳо (маросимҳо) ба ивази подошпулӣ хизматрасонанда (наворгирандаҳо) 241,0 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуд. 
Ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо
Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли ҷорӣ (то 2.12.2014) аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 495 адад парванда оид ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, ҷиҳати тадбирандешӣ ба судҳо ирсол шудааст. Аз 495 парванда 437 адад баррасӣ гардида, 12 адади он дар истеҳсолот қатъ шуда, 46 парвандаи боқимонда дар ҷараёни баррасӣ қарор дорад. Маблағи умумии ҷаримаҳо 1 миллиону 508700 сомониро ташкил медиҳад. Ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилояти Хатлон 135  адад, вилояти Суғд 185 адад, шаҳри Душанбе 60 адад, ВМКБ 9 адад ва ШНТҶ 106 ададро ташкил медиҳад. 
Никоҳ ва талоқ
Тибқи иттилои Агентии омор шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  дар ҷумҳурӣ аз моҳи январ то моҳи сентябри соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум, 2,9 фоиз зиёд шуда, 66, 5 ҳазор ҷуфти никоҳро ташкил кардааст. 
Шумораи талоқҳои бақайдгирифташуда  аз моҳи январ то моҳи сентябри соли 2014-ум 6845 воҳидро ташкил кард, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 18,7 фоиз афзудааст.
М. Собир аз камхарҷии тӯйи арӯсию домодӣ  изҳори норозигӣ карда,  яке аз сабабҳои вайроншавии оилаҳоро  дар камхарҷии тӯйҳо арзёбӣ намуд. «Мо бояд таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Эрон ва Арабистонро сармашқи кори худ намоем. Масалан дар Эрон «пайсаи баҳори озод» амал мекунад, яъне мард барои озод шудан аз зан 100-150 ҳазор доллар маблағ меситонад.  Ҳамин ҳолатҳо метавонанд каме пеши роҳи вайроншавии оилаҳоро бигиранд».  Вале Гавҳар Шарофзода бар ин ақидааст, ки: «Имрӯз барои ҷавонони мо «моҳи асал» ҳатмӣ аст. Моҳи асал дар фарҳанги гузаштаи мо ҳаст. Аҷдодони мо арӯсу домодро то чил рӯз дар гӯшаи хонаашон чила мешинонданд. Имрӯз аксари падару модарони мо имконияти ташкил кардани моҳи асалро барои фарзандонашон доранд.   Агар навхонадорон ба моҳи асал раванд, онҳо дар ин муддат ҳамдигарро хуб меомӯзанд, ба якдигар наздик ва самимӣ мешаванд ва ин то як андоза аз ҷудошавии оилаҳо  эмин медорад».
Мушкилиҳо то кунун дар ин самт ба назар мерасанд
Фаъолияти  Кумитаи оид ба  корҳои дини кишвар дар амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» натиҷаҳои назарраси молиявӣ ва иқтисодиро дар ҳимояи манфиати шаҳрвандон ба даст оварда, дар баланд гардидани сатҳи фарҳанги маъракаороӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам овард. 
Таҳлилу санҷишҳо ва омӯзиши ҷараёни иҷрои қонун муайян намуд, ки қатъи назар аз он, ки то имрӯз мо натиҷаҳои назаррасро дар мавриди риояи талаботи Қонун ба даст овардаем, вале ҳанӯз ҳам аз иҷро ва риояи он қаноатманд шуда наметавонем, зеро мушкилиҳо дар ин самт то кунун ба назар мерасанд. 
Зан дар ҳамаи давру замон бахшандаи ҷон, тарбиятгар ва ободкунандаи ҷомеа ба ҳисоб мерафт, меравад ва хоҳад рафт. Аз ҳамин хотир аз нигоҳи занона модарону хоҳарони мо бояд дар доираи пасандози доштаашон  хароҷот намоянд. Модарону падарони мо сараввал бояд аҳволи фарзандони муҳоҷирашонро дарк намоянд, ки онҳо бо чӣ азобу машаққат ин  маблағҳоро ба даст меоранд. Ва ин маблағҳои бо хуни ҷигар ба дастомадаро модарони мо дар ду-се рӯз барбод медиҳанд.
Имрӯз мардону ҷавонон ва ҳатто занону духтарон ягона илоҷи пулкоркуниро барои тӯй дар муҳоҷират дида, ғаму кулфати мусофирию мардикориро дар хориҷи кишвар аз сар мегузаронанд. 
Магар мардум танзимро риоя мекунанд?
То қабули қонун доир кардани маъракаҳои пурдабдаба, базмҳои гуногун, оростани дастархони пурнозу неъмат, меҳмонҷамъкуниҳои аз ҳад зиёд дар тўю маърака ва маросимҳои дафну азодорӣ аз доираи меъёрҳои одобу анъанаҳои миллӣ ва ахлоқи исломӣ фарсахҳо дур буд. Мардуми мо кӯшиш мекарданд, ки дар оростани дастархон аз дигарон гузаранд. Фикре пайдо шуда буд, ки агар ҳамсоя ё нафаре аз маҳалла маърака ё маросими бодабдаба гузаронад, меҳмони зиёдеро даъват кунад, бояд онро дигарон ҳам гузаронанд. Агар ин корро накунад айб аст, мардум таъна мекунанд, соҳиби маърака дар охир қарздор мешуд ва ин сабаби ҷанҷолу нооромиҳо дар оила мешуд.
Ба шарофати қабули ин қонуни тақдирсоз барои соҳибмаъракаҳо дигар ҳоҷат ба фурўши молу ҳол, қарзу қавола аз хешовандону бонкҳо намонда, исрофгариҳои гўшношунид ба танзим даромадааст, аммо на дар ҳама маҳал. Имрӯз ҳам баъзе ашхос, хусусан занҳо таассуб ва пайравӣ ба якдигар карда, анъанаи «мусобиқа»-и оростани дастурхонро идома дода истодаанд. Ин ҳолат дар рӯзҳои идҳои диниамон хуб ба чашм мерасад.  
Дар масъалаи оростани дастурхон ҷойи гап нест. Имрӯзҳо на танҳо дар маъракаҳои тӯй, балки дар маросимҳои дафну азодорӣ низ оростани дастархон хароҷоти изофагиро касб намудааст. Тамоми нозу неъмат, аз шоколад сар карда, то мағзу мавиз, ҳатто асалро ҳам рӯи дастурхон мегузоранд. 
«Ба ҷои ин қадар зиёфате, ки дар маъракаҳо мекунем, хуб мешуд, ки атрофи қабристонҳоро обод карда, ниҳоле шинонем. Савоб фақат дар тӯю маъракаву худоӣ нест, бо тӯю маърака инсон ҳеҷ вақт ба манзили мурод намерасад. Шахсоне, ки молу пули изофагӣ доранд ва мехоҳанд аз он савоб ҳосил кунанд, онҳо бояд ба мӯҳтоҷон, камбизоатон, ятимону бекасон, ятимхонаҳою хонаи пиронсолон дасти хайру эҳсон дароз кунанд»-, мегӯяд М. Собир.
Вақтҳои охир назорати баргузории тӯйҳо, маъракаҳои дафну азодорӣ нисбатан суст гардидааст. Имрӯз маъракаи хатнасур бо  маъракаи гаҳворабандон  якҷоя гузаронида мешавад ва ин раванд ба ҳукми анъанаи бисёриҳо даромадааст. Мутаассифона, барои сар задани чунин раванд баъзе аз масъулини Кумитаи оид ба корҳои дини кишвар ҳангоми навиштани иҷозатномаҳо бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Бояд пеши роҳи ин ҳолатҳо сари вақт гирифта шавад. 
Маҳдии Собир дар ин маврид чунин ақида дорад: «Чанде пеш хоҳарам, ки истиқоматкунандаи ноҳияи Ғарм аст, аз дунё гузашт. Ман шоҳиди он будам, ки дар ин минтақа дар маросими ҷаноза чорвои калони шохдор кушта, сари тахтагӣ ва серӯзагии ӯро доир карданд. Ҳол он ки тибқи қонун ин кор манъ аст».
 «То имрӯз қисми зиёди хонаводаҳои тоҷикӣ маънои пасандоз ва исрофро сарфаҳм намераванд. Агар аз нигоҳи ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ ба маънии пасандоз  сарфаҳм мерафтем, ин қадар исроф намекардем. Дар тамоми маъракаҳои тоҷикӣ исроф ҳаст. Дар ҳолати ҷаҳонишавӣ ҷараён гирифтани иқтисодиёт инсон бояд сарфакор бошад. 
Имрӯз мардум хуб фаҳмиданд, ки баъди ба дунё омадани фарзанд ба ҷойи тӯю маъракаҳои нодаркор ва хароҷоти беҳуда маблағи зиёдатиро барои хониши фарзандон истифода кунанд, беҳтар меша вад»,-чунин андеша дорад. Г. Шарофзода.
Вале як сокинони пойтахт Раҷабгул Юсуфова дар мавриди танзими маъракаҳо иброз намуд, ки хароҷот дар баргузории тӯйи хонадоршавӣ ва маросими ҷаноза зиёд ба чашм намерасад, чунки шукри ваҳдату ягонагии кишвар, мардум серу пур шудаанд ва бе  даъват ба маърака намеоянд. 
Танзим бояд дар харидани тилловорӣ, либосворӣ, ашё ва ҷиҳози хона барои духтар риоя шавад. Имрӯзҳо боз духтарон як мӯди нав баровардаанд, ки волидайн баъди шавҳар додани духтараш худ бехона мемонад. Масалан, ман ду моҳ қабл духтарамро ба шавҳар додам, аз ҷониби домод 5 ҳазор доллар оварда доданд. Ғайр аз ин пулҳо ман худам 6 ҳазор доллари дигар харҷ намудам. Танҳо барои либосҳое, ки арӯс рӯзи зиёфати духтарона дар назди меҳмонҳо ба бар мекунад, 1800 сомонӣ (бо нархи аз 200 то 500 сомонӣ),  барои куртаи аврупоӣ бо сарандоз 2500 сомонӣ, барои оро додани мӯю рӯи арӯс 300 сомонӣ хароҷот намудам. 
Имрӯз дар пойтахти кишвар толорҳои арӯсӣ хеле зиёд ба чашм мерасанд. Куртаҳои арусии аврупоӣ, ки дар толорҳои арӯсии «Саодат», «Кобра» ва «Deluxe», ки дар шафати якдигар дар бозори Ганҷина қарор доранд, аз кишвари Украина ва Туркия дастрас мегарданд. Ба гуфтаи корманди  толори арӯсии «Саодат» Бозоргул Ашӯрова нархи кирояи куртаҳои арӯсии ин толор аз 100 доллар то 500 доллари  амрикоӣ арзиш дорад ва хоҳишмандон ҳам хеле зиёданд. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки нархи куртаҳо якхела набуда, ҳамон куртаҳое, ки дар толори «Саодат» ҳастанд, дар толорҳои арӯсии марказ, аз ҷумла дар толори арӯсии «Шоира» бо нархи 1000 доллари ИМА кироя дода мешаванд.
Бибисорои Изатулло,  сокини дигари пойтахт  мегӯяд, ки бо далели риоя нагардидани Қонуни мазкур асосан мардуми камбағал ё ба истилоҳи маъруф, бесоҳибро ҷарима мекунанд, вале комиссияҳои танзим ба давлатмардоне, ки дар тарабхонаҳо барои 300 то 500 нафар соатҳо тӯй медиҳанд, кор намегиранд. Ба гуфтаи ӯ борҳо шоҳиди бевоситаи чунин афрод шудааст.  
Ҷонибеки Асрориён мегӯяд: «Ман муқобил нестам, ки духтар ҷиҳози замонавӣ дошта бошад.  Ин гум намешавад, дар ҳама ҳолат ба қавле «амволи ғайриманқул» ҳаст барои хонавода, даркор нашавад, метавонад онро фурӯшад. Бигзор матои бисёр бо ӯ бошад, лекин надӯзад. 20-30 курта чӣ лозим, барои он ки мӯд ҳар рӯз тағйир меёбад, ҳомила, лоғар ё фарбеҳ мешавад, ин чизҳоро бояд ба эътибор гиранд.
Дар шакли газвор бошад, боқӣ бимонад, вале волидайнро зарур аст, ки ба фарзанд фаҳмонад, ки мӯд дигар мешавад, матоъҳои нав пайдо мешаванд, ҳамқадами замона бояд буд. 
Ҷ. Асрориён оид ба масъалаҳои танзими оростани дастархон, манъи се-чор намуд ҳасиб ва мурғу моҳӣ ва умуман серхароҷот будани дастархони тӯю маъракаҳои шаҳрвандон эрод гирифта, пешниҳод кард, ки  на танҳо соат, шумора, балки маҳсулоти рӯи дастурхон, ҳар чизе, ки дар он ҷо ҳаст, бояд танзим шавад, то ки аз як хӯрок зиёд набошад. «Шикам аз ягон кас то имрӯз минатдор нашудааст. Гузаштагони мо бо як нон қаноат мекарданд. Ҳозир мебинӣ хӯришҳои гуногун, аз ҷумла ҳасибу мурғ пайдо шудааст, ки ҷойи хӯроки дуюму сеюмро пур кардааст, яъне хароҷот боз ҳам зиёд шудааст.    
Бадии кори мо ҳама вақт дар зиёиёни мост. Қишри миёнаҳоли ҷомеа ин қонунро вайрон намекунад, барои он ки имконоти молиявӣ надорад. Ҳарчи ки вайрон мекунанд, онҳое, ки дасташон мерасад ва то андозае шинохта шудаанд: ё адиб аст ё шоир, ё савдогар аст ё амалдор, ё раис аст ё вазир»,-илова намуд. Ҷ. Асрориён.  
Маҳдии Собир дар ин маврид чунин пешниҳод намуд: «ҳамин маъракаи хатнасур умуман ба мардуми мусалмон даркор нест. Дар кишварҳои пешрафта ҳангоми таваллуд дар таваллудхона писарро хатна мекунанд. Хатнасури мо як харҷи зиёдатист».
Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки:  «Толорҳои либосҳои аврупоӣ бояд баста шаванд,  аввалан ки хоси мардуми мо нестанд, дуюм ин ки барои се соат аз 300 то 1500 доллар пули кироя бояд дод ва ин ба мардум гаронӣ меорад. Ҳол он ки мо  либосҳои миллӣ ва зебои тоҷикона дорем».
Қонун-мушкилкушои оилаҳои камбизоату серфарзанд 
Вале бо вуҷуди интиқод, бархе бахусус дар миёни қишри камбизоат хушҳоланд, ки метавонанд маросиму ҷашнҳои арӯсии худро бо харҷи камтар ва бидуни худнамоии беш аз ҳад баргузор кунанд. Масалан холаи Мастура, як сокини 72-солаи пойтахт, ки модари 8 писар аст, шукргузорӣ аз он мекунад, ки қабули ин қонуни ҳаётан муҳим ба маънои томаш мушкилкушои оилаҳои камбизоату серфарзанд гардид, зеро дар ҷамъияти мо кам нестанд волидайне, ки аз сабаби душвориҳои зиндагию дасткӯтоҳӣ ҷигарбандҳои худро дар вақташ хонадор ва ё писарҳояшонро хатна карда наметавонистанд. Ва инак, ба туфайли қабули қонуни танзим шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба орзую ҳаваси худ расида, тӯйҳои домодиву арӯсии фарзандонашро дар доираи муқаррароти он баргузор намояд, хатнасур гузаронад, маросимҳои дафну азодориро бо хароҷоти кам барпо кунад.
Кӣ исрофкориро ба танзим медарорад?
«Агар мо тафаккури ҷавононро тағйир диҳем, он гоҳ онҳо ҳам, албатта, розӣ мешаванд. Агар афзалияти қонун барои ҳама ягона набошад, қонун  амал намекунад. Эҳтироми қонун дар ҳама давру замон дар ҳама ҷо бошад, дар он сурат мо муваффақ мешавем. Агар қонун барои ҳама баробар набошад, ба гуфтаи Ҷонибеки Асрориёну дигар ҳамсӯҳбатони мо ин кор амалӣ намешавад. Мо бояд пеш аз ҳама тафаккурро такмил диҳем ва ба танзим дарорем». «Фарзанд гиряву нола мекунад, маҷбур мекунад, ки агар ба гуфтааш накунӣ, ба шавҳар намебарояд»,-мегӯяд М. Собир. Аммо Гавҳар Шарофзода чунин андеша дорад: «ҳар як падару модар бояд ҳукми худро ба фарзандаш гузаронида тавонад. Фарзанд азиз бошад, одобаш аз ӯ азизтар аст. Ҷавонони  имрӯза  дурбинанд. Агар ба онҳо дуруст фаҳмонем, ман боварӣ дорам, ки онҳо хуб қабул мекунанд». 
Риояи ҳатмӣ ва қатъии қонун, дар амал татбиқ кардани ҳамаи муқаррароти он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бо нангу номуси миллати тоҷик аст, ки Ватани азизашро аз таҳти дил дӯст медорад ва хоҳони зиндагии шоиста мебошад.
Имрӯзҳо, ки Тоҷикистон бо қадамҳои боварибахш ба сӯи иқтисодиёти бозаргонӣ қадам мениҳад, чаро мо-тоҷикон аз ин сарвати бебаҳои таҷрибаи таърихӣ истифода намуда ва маъракаҳои хешро низ ба талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ насозем? 
Шумо чӣ фикр доред?
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Декабрь 25, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд