Нахустнамоиши «Зиндагинома» дар театри Лоҳутӣ
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бахшида ба 100- солагии композитори барҷастаи тоҷик Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ имрӯз нахустнамоиши «Зиндагинома» аз рӯи асари нависанда ва драматург Абдуғаффор Абдуҷабборов бо коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев ба саҳна гузошта мешавад.Гуфта мешавад, ки намоиши мазкур имрӯз соати 17: 00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир мегардад.Ёдрас мешавем, ки Зиёдулло Шаҳидӣ композитори барҷастаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ мебошад. Ӯ дастпарвари студияи миллии Консерваторияи давлатии Маскав, яке аз асосгузорони санъати касбии мусиқии тоҷик, муаллифи даҳҳо сурудҳои машҳур, аз ҷумла «Ватан-Ватан», «Зи сӯзи сина», «Иди Зафар» мебошад.Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин афроде буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод ва дар навиштани опера чира шуд. Нахустин асари калонҳаҷми ӯ операи “Комде ва Мадан” буд, ки барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин опера, ки соли 1961 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд, аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шуд ва аз ҷониби мунаққидони санъати мусиқӣ баҳои арзишманд гирифт. Гузашта аз ин барои ин опера муаллиф ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ мушарраф гардид. Ҷашни 100-солагии Зиёдуллоҳи Шаҳидӣ аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, дар як силсила кишварҳои олам ҳамовозӣ пайдо кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






