Намоиши китобҳои тозанашр дар КМТ
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) намоиши китобҳои тозанашр, ки аз фаъолияти оғози китобхонаи миллӣ бо ибтикори кормандони китобхона нашр гардидаанд, баргузор шуд. Дар намоиши китобҳо наздик ба 40 адад китоби тозанашр, аз қабили “Тарҷумаи тафсири Табарӣ”, “Асосҳои донишҳои китобдорӣ ва библиографӣ”, “Осорхонаи Тоҷикистон дар даврони истиқлол”, “Андӯхти рӯзгор”, Осорномаи С. Табаров”, «Осорномаи профессор Худойназар Асозода» ва «Тоҷнома» дар 3 ҷилд ба намоиш гузошта шуд.Китоби якуми ин силсила «Авасто»-ро дар бар мегирад, ки бо пешгуфтори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурўъ шуда, бо харитаҳо поён меёбад, ки дар умум 838 саҳифаро дар бар мегирад.Китоби дуввум «Мероси хаттии бостон» ном дошта, дар бораи адабиёти паҳлавӣ сухан меравад, ки бо сухани мудири Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ва пешгуфтори узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Додихудо Саймиддинов оғоз шуда, бо харитаҳо анҷом меёбад ва дар ҷамъ 477 саҳифаро дар бар мегирад.Китоби севвум «Тоҷнома, силсилаи тоҷикон дар масири тамаддун, Абўмансур Абдулмалик ибни Муҳаммади Саолабии Нишопурӣ, Таърихи ғурр- ус-сияр маъруф ба «Шоҳнома»-и Саолабӣ» ном дошта, бо пешгуфтори нависанда оғоз шуда, бо феҳристи номҳо анҷом меёбад, ки дарбаргирандаи 394 саҳифа мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






