Намоишномаи “Кони пурганҷ»
Душанбе, 03.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид),- 5- ум ва 6- уми декабри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишномаи “Кони пурганҷ” баргузор мегардад. Намоишномаи “Кони пурганҷ” опереттои Шуҳрат Ашуров буда, дар бораи фикр ва рафтору амали ҷавононе нақл мекунад, ки касби душвори маъданҷӯиро пеша кардаанд ва кашфи конҳои пурганҷи диёр ба манфиати ояндаи халқу Ватан орзую ормонашон аст. Аксар қаҳрамонони намоишнома бо хислату хилқати пок, устуворию матонат ва ишқу садоқат намунаи ибрати донишҷӯёни муосири мо буда метавонанд ва ҳадафи муаллифон низ ҳамин пайванди маънавист. Дар ин роҳ ба монеаҳои зиёд дучор мешаванд, дар ҳаёташон воқеаҳои зиёди аҷоибу ғароиби ғайричашмдошту мароқовар рух медиҳанд, вале ҷӯшу хурӯши ҳақиқии ҷавонӣ, меҳри самимӣ ба касб, ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва ишқу муҳаббати пок мададашон мекунад, ки оқибат ба орзуи наҷиби худ бирасанд. Онҳо гуфтанианд, ки кони асосиву пурганҷтарини халқу диёри мо анна ҳамин ҷавонони донову тавоно ва ҷӯяндаву ёбандаанд. Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур рӯзи 5- уми декабр соати 12:00 ва рӯзи 6- уми декабр соати 14:00 баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






