Нашъаҷаллобон дастгир шуданд
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони ВКД ҶТ дар ҷараёни ду амалиёти махсус дар пойтахти кишвар қариб 10 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд.Назар ба хабари Вазорати корҳои дохилӣ, ҳангоми тафтиш аз сокини 43 – солаи шаҳри Душанбе Мустафо Алоев 9 килограмму 520 грамм героин мусодира гардид. Дар ҷараёни амалиёти дигар аз мошини ронандаи 26 — сола Маҳмадсаид Бобоев – сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 430 грамм ҳашиш пайдо ва мусодира шуд.Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






