Нашъамандӣ-таҳдид ба ояндаи ҷомеа
Душанбе,16.12.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори Маркази дастгирии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи С.Айнӣ таҳти унвони «Нашъамандӣ, зарари маводи нашъаовар ба ҷавонон, таҳдид ба ояндаи ҷомеа» конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он нозири калони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Рӯзиев ширкат варзид. Тавре ки сухангӯи ДДОТ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Абдусамад Муллоев нашъамандиро вабои аср номида, ҷавононро ҳушдор дод, ки аз ин гуна маводи марговар худро канор гиранд.Дар конфронс зикр гардид, ки нашъа ва нашъамандӣ аз масоили мубрами ҷомеа мебошанд ва оқибати нашъамандӣ, бешак, марг аст. Боиси хушҳолист, ки вақтҳои охир ҷавонон хавфу хатари маводи нашъаоварро ба ҷони хеш бештар дарк намуда, мекӯшанд, ки ба доми ин вабо гирифтор нагарданд. Дар идомаи ҷамъомад Фирдавс Рӯзиев низ паёмадҳои фоҷиабори «марги сафед»-ро хотирнишон намуда, аз донишҷӯён хост, ки аз он на танҳо худро канор гиранд, балки дар тарғиби ҳаёти солим миёни ҳамкурсону атрофиён саҳмгузор шаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






