Навои танбӯр
Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба зодрӯзи устоди факултаи санъати донишгоҳ Ҳамроқул Ҷӯраев маҳфили фарҳангию ҳунарӣ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов гуфт, ки дар ҳаёт шахсиятҳое ҳастанд, ки бо хизмати арзанда ва мондагори худ дар назди ҷомеа ва Ватан ҳамчун машъали тобон дар равшан кардани роҳи ояндаи дурахшон хизмат мекунанд. Ҳамроқул Ҷӯраев дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчун омӯзгори калон кор карда, ба донишҷӯён аз ихтисоси танбӯр ва ансамбл дарс медиҳад ва нозукиҳои санъати мусиқиро меомӯзонад. Устод Ҳамроқул Ҷӯраев иштирокчии якчанд фестивал-симпозумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






