Назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» гурӯҳи кории Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» аз ҳисоби воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказӣ бо мақсади вохӯрӣ бо аҳолии ҷамоату шаҳракҳо ва намояндагони табақаҳои гуногуни кишвар бо сафари корӣ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон қарор дорад.
Аз маркази матбуоти БДА «Амонатбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни сафар дар шаҳри Кӯлоб, навоҳии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Шӯрообод дар вохӯрӣ мизоҷон ва сокинони ноҳияҳо масъалаҳои сатҳи хизматрасонии бонкӣ, фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар самти пешниҳоди қарзҳои хурди имтиёзнок, қарзҳои имтиёзнок барои картошкапарварӣ, масъалаҳои интиқоли маблағҳо, ба танзим даровардани технологияҳои муосир дар муассисаҳо ва филиалҳои «Амонатбонк» суҳбати ошкоро ва рӯ ба рӯ доир гардида, ҷараёни корҳои созандагиву ободкориҳо дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии минтақа мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Аз ҷониби мизоҷон ва иштироккунандагони вохӯриҳо ҷиҳати хизматрасониҳои кормандони «Амонатбонк» изҳори миннатдориву сипос шуда, ҳамчунин пешниҳодҳои муфид барои беҳдошти фаъолияти минбаъда баён гардиданд. Дар ноҳияҳои дигари минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари кории ин гурӯҳ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






