Назорати муомилоти маводи нашъаовар ва роҳҳои пешгирии он
Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таҳти роҳбарии директори агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода 16 декабри соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба шаҳрҳои Қазон, Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия раҳсипор шуд. Мақсади сафар — ташкили ҳамкорӣ оид ба бастани роҳи қочоқи маводи нашъаовар аз ҶТ ба ФР, мубодилаи иттилооти фаврӣ, коркарди муштараки гурӯҳҳои ҷиноятпеша, инчунин мубодилаи таҷриба ва гузаронидани корҳои пешгирикунанда мебошад.
Бояд гуфт, ки вохӯрии нахустин 16 декабр дар шаҳри Қазон баргузор гардид, ки дар он Р. Назарзода бо сардори Раёсати Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тотористон, генерал-лейтенанти политсия Шабаев Фаяз Баянович, бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тотористон Шафигулин Айрат Радинович оид ба ҳамкории дуҷониба изҳори назар намуданд. Дар ин рӯз ҳайати агентӣ дар Қасри дӯстии халқҳои шаҳри Қазон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар Тотористон ва донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Қазон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд.
18 декабр дар шаҳри Маскав вохӯрии директори агентӣ бо директори Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, инчунин роҳбарони ҷузъу томҳои Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар дар шаҳру вилояти Маскав баргузор гардид.
19 декабр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия вохӯрии ҳайати агентӣ бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон, Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии шаҳри Маскав таҳсил менамоянд, баргузор мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






