Нишасти ширкатҳои туристии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2014 16:44

Душанбе, 03.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрўз дар шаҳри Душанбе нишасти ширкатҳои туристии Тоҷикистон ва масъулини донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат, ки донишҷўёнро дар риштаи туризм омода менамоянд, бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руслан Шадиков баргузор гардид. Зимни нишасти мазкур масъалаи имкониятҳои ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аз давлати Малайзия ва Қувейт ҳамоҳанг шуда, имкониятҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ITB Берлин — 2015 тарҳрезӣ мегарданд.Ҳамзамон кумита ба донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат, ки донишҷўёнро дар риштаи туризм омода менамоянд, 3333 адад китоби дарсии соҳаи туризм, аз қабили “Туризми фарҳангӣ”, “Маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи туризм”, “Туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ташкили технологияи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо”-ро туҳфа намуд. Ин дар ҳолест, ки рўзи 28 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015 — 2017” қабул гардид, ки он ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ ҳоҳад бахшид.

Декабрь 3, 2014 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид