Нозирон роҳҳои ВМКБ — ро тафтиш мекунанд
Хоруғ, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файзи Мирҳасан).- Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар мубориза бо вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳ саъю кӯшиш намуда, бо иштироки нозирон раёсати ҷумҳуриявӣ вазъи роҳҳои мошингардро тафтиш мекунанд.
«Имрӯзҳо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ на фақат роҳҳои шаҳр, балки роҳҳои ҳамаи ноҳияҳои вилоятро таҳти назорат гирифтаанд. Мақсад аз тафтиши вазъи роҳҳо риояи беҳтари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҷилавгирии бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ идора кардани мошинҳо, сиёҳ намудани шишаҳои нақлиёти автомобилӣ ва қонуншиканиҳои дигар мебошад», — зикр намуд корманди раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ҷумҳурӣ подполковник Амирхон Ҳасанов.
Ба гуфтаи номбурда, вақтҳои охир 531 ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумоти маркази иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 38 садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари онҳо 21 кас ҳалок гардида, 83 нафар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






